Дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Олимпиадаи III байналмилалии химия ба номи Абурайҳони Берунӣ (ARBiChO 2026) идома дорад. Чорабинии мазкур аз 3 то 10 ноябр баргузор гардида, 120 хонандаи болаёқатро аз 20 кишвари ҷаҳон ба ҳам овардааст.
Маросими ифтитоҳи олимпиада 4 ноябр бо иштироки намояндагони Маркази олимпиадаҳои фаннӣ, аъзои Кумитаи байналмилалии илмӣ, ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва меҳмонон баргузор гардид.
Тибқи иттилоъ, 5 ноябр иштирокчиён дар марҳилаи амалии озмун маҳорати худро санҷиданд. Ин марҳила панҷ соат идома ёфта, аз се супориш иборат буд. Хонандагон дар озмоишгоҳҳо таҷрибаҳои химиявӣ гузаронида, моддаҳоро таҳлил карданд, ҳисобу китоб анҷом доданд ва хулосаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Барои ин марҳила ҳадди аксар 40 хол пешбинӣ гардидааст.
Марҳилаи назариявии олимпиада 6 ноябр баргузор шуда, иштирокчиён дар давоми панҷ соат ба ҳашт супориши мураккаб ҷавоб медиҳанд. Барои ин марҳила 60 хол ҷудо шудааст.
Натиҷаҳои ниҳоии озмун аз рӯйи ҷамъи холҳои ду марҳила муайян гардида, ғолибон ва ҷоизадорон дар асоси низоми 100-хола эълон карда мешаванд.
Дар олимпиада намояндагони Озарбойҷон, Коста-Рика, Гурҷистон, Исроил, Урдун, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Қатар, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, Туркманистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд.
Олимпиадаи байналмилалии ARBiChO 2026 барои санҷиши дониш ва маҳорати хонандагони болаёқат, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни ҷавонони кишварҳои гуногун имконияти мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки олимпиада то 10 ноябр идома ёфта, дар он хонандагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳорати худро дар соҳаи химия нишон медиҳанд.



