Шаҳрванд Ӯрмони Фарҳод соли таваллудаш 1989 сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда 17-уми майи соли 2026, тахминан соати 23:00 бо ҳамроҳии Нурматов Д., дар толори сақобозӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳолати мастӣ бо шаҳрвандон Сангинов А.Ғ., соли таваллудаш 1985 ва Ҷӯраев Д.Ш., соли таваллудаш 1996 сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, ки онҳо низ дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, бинобар сабаби нофаҳмиҳо муноқиша намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ кардаанд ва тартиботи ҷаъмиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Сипас, Ӯрмони Фарҳод бо мушт ба қисмати ҷоғи Ҷӯраев Д., зарба зад, ки дар натиҷа Ҷӯраев Д., ба замин афтида, сараш ба ҷуйбори бетонӣ бархӯрд ва аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааш ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расид.
Нисбати шаҳрванд Ӯрмони Фарҳод бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Нисбати дигар иштирокчиёни ин ҷиноят тафтишот идома дорад.

Ҷанги лафзие, ки бо марг анҷомид
Блоки рекламавӣ


