Мӯҳлати қонуние, ки ба ҳукумати Доналд Трамп барои муайян кардани сарнавишти идомаи даргирӣ бо Эрон дода шуда буд, имрӯз, ба поён расид. Як мақоми баландпояи амрикоӣ шоми панҷшанбе ба хабаргузории «Ройтерз» гуфт, ки оташбас бо Эрон бар асоси қонуни «Ихтиёроти ҷанг» ба даргириҳои низомии ду кишвар хотима бахшид.
Ба гуфтаи ин мақом, амалиёти низомии «Хашми ҳамосӣ», ки 28- уми феврали соли равон оғоз шуда буд, дар доираи ҳамин қонун анҷом ёфт. Беш аз се ҳафта мешавад, ки аз оғози оташбас байни нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ва Эрон дигар даргирии низомӣ рух надодааст.Муҳлате, ки қонуни «Ихтиёроти ҷанг» барои идомаи амалиёт бидуни иҷозати Конгресс муайян мекунад, имрӯз ба анҷом расид.
Тибқи ин қонун, президенти ИМА бояд пас аз 60 рӯз ё амалиётро қатъ намояд ё аз Конгресс иҷозат гирад.
Ҳамчунин имкон дорад, ки ин муҳлат то 30 рӯзи дигар тамдид карда шавад.
Таҳлилгарон ва ёварони Конгресс мегӯянд, ки эҳтимол Доналд Трамп ё муҳлати 30-рӯзаро тамдид мекунад ё онро пурра нодида мегирад.
Дар сурати нодида гирифтани муҳлат, ҳукумати Амрико оташбаси кунуниро ҳамчун поёни даргирӣ бо Эрон эълон хоҳад кард.
Ҳуҷум ба Эрон аз мавзуъҳои асосии ихтилофи миёни ду ҳизби Конгресс табдил ёфт.
Демократҳо мехоҳанд, ки ихтиёри эълони ҷанг бар асоси қонун дубора ба Конгресс баргардонда шавад, дар ҳоле ки ҷумҳурихоҳон демократҳоро ба кӯшиши заиф кардани имконияти Трамп муттаҳам мекунанд.

Ҷанги алайҳи Эрон хотима меёбад?
Блоки рекламавӣ


