Дар ноҳияи Ҷайҳун бори нахуст осорхона бунёд гардида, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Ҷайҳун Азизулло Ализод зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар ноҳия осорхона вуҷуд надошт. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои нави замонавии осорхона сохта шуда, он ба ҳифз, муаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги ноҳия хизмат хоҳад кард.
Ҳамзамон, раиси ноҳия афзуд, ки Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун, ки солҳои зиёд таъмири асосиро надида буд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра азнавсозӣ гардида, бо шароити муосир ба сокинон пешниҳод хоҳад шуд.
Мақомоти ноҳия таъкид мекунанд, ки бунёди осорхона ва навсозии Қасри фарҳанг аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме мебошанд, ки барои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори фарҳангии ноҳия амалӣ шудаанд.



