Дар Тоҷикистон Bitcom.tj – нахустин пойгоҳи табдили пули рақамӣ ё криптоасъор ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора дар намояндагии ширкат хабар додаанд. Ин пойгоҳ хариду фурӯши криптовалютаро бар асоси қонун иҷоза медиҳад ва ин фаъолияти онҳо ба қонунгузории Тоҷикистон ҳам мутобиқат мекунад
Хадамоти табодули криптовалюта имкон медиҳад, ки шахс бо пули миллии сомонӣ криптовалюта харад ва ё чунин арзашро фурӯшад.
Дар ин пойгоҳ имкони муомила бо чунин навъҳои пули рақамии мисли Bitcoin, USDT ва Ethereum имконпазир аст.
Дар сомона гуфта шудааст, ки онҳо дафтари корӣ дар Душанбе доранд ва он ҷо бо забонҳои тоҷикиву русӣ хидматрасонӣ сурат мегирад. Муассиси ин хадамот – “Провайдери литсензиашудаи хизматрасониҳо дар соҳаи муомилаи активҳои рақамӣ — резиденти IT Park Душанбе” мебошад.
Ба навиштаи Бонки миллии Тоҷикистон, криптовалюта як шакли дороии рақамӣ буда, ба технологияи блокчейн асос ёфтааст. Криптовалюта дар шабакаи ғайримарказонидашуда бе иштироки мақомоти давлатӣ ё бонки марказӣ (миллӣ) сохта ва идора карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь