Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дирӯз, 19 май ба анҷом расид, ҷойи сеюмро ишғол кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2026 дастаҳои Туркманистон (2:1) ва Афғонистонро (2:0) мағлуб карда, инчунин аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:3) ва Қирғизистон (0:1) шикаст хӯрд ва дар натиҷа шаш имтиёз ба даст овард.
Ғолиби мусобиқот мунтахаби Ӯзбекистон (12 имтиёз) гардид, ки дар ҳамаи чор бозии худ пирӯз шуд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардиданд.
Блоки рекламавӣ



