Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар зиндагист ДИДА БА ДИДОР мерасад…

Мактабхон будам ва чун донишҷӯёни ба таътил омадаро дар зодгоҳам, шаҳри Истаравшан медидаму ҳавасам меомад. Рӯзу моҳ мешуморидам, ки кай мактабро хатм менамояму донишҷӯ мешавам. Ба назарам, ин орзуро қариб ҳар як мактабхон дар дил мепарварид.

Моҳи июли соли 1971, пас аз хатми муассисаи тасилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Институти политехникии Тоҷикистон, факултаи меъморию сохтмонӣ, ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон» супоридам. Як ҳафта пеш аз имтиҳонҳои дохилшавӣ маълум гардид, ки ба ихтисоси  интихобкардаи ман имсол донишҷӯён қабул карда намешаванд. Аз ин рӯ, ихтисоси «Сохтмони саноатӣ  ва шаҳрвандӣ»–ро интихоб карда, донишҷӯ гаштам.

Дар курси як ҳамагӣ 12 гурӯҳҳои донишҷӯён ташкил карда шуда будаанд, дар 8–тои онҳо таълим асосан бо забони тоҷикӣ ва дар боқимонда 4 гурӯҳҳои дигар–пурра бо забони русӣ буд. Маро сардори гурӯҳи рақами  8 таъин карданд. Дар ҳар як гурӯҳ ба ҳисоби миёна 25 нафар донишҷӯ шомил буда, миқдори умумии онҳо ба 312 нафар мерасид.

Чун авроқи рӯзгори донишҷӯиро варақгардон менамоем, бисёр ҳамсабақони худро бо ҳамон чеҳраҳои бачагона, бо олами тозаву пур аз орзую хаёлҳо пеши назар мебинем. Аммо ин хайёлҳои ширинро марги нобаҳангоми шодравонон Абдуворис Қаоров, Абдувоид Рамонов, Абдуманон Воситов, Абдуламид Набиев, Абдуманон Рамонов,  Абдурозиқ Яҳёев, оҷӣ Абдуҷалол Раупов, Аловатшо Абдулваҳобов, Асадулло Ғуломов, Амадҷон Юсупов, Аюб Абдуллоев, Гулмурод Қурбонов, Ғаниҷон Раҳмонов, Ғафурҷон Эшонов, Ғаффор Каримов,  Даврон Умаров, Додихудо Вазиров, Зайниддин Салоиддинов, Зиёдулло Ёқубов,  Зиёхӯҷа Зокиров, Икром Акрамов, Имомуддин Атоев, Исроилҷон Шарипов, Карим Сайидалиев, Қурбон Қодиров, Мадамин Ризоев,  Мамадалӣ Ҷамшедов, Маҳмадраҳим Қурбонов, Мамудҷон Зарипов, Мая Сайидалиева, Музаффар Усмонов,  Мустафо Расулов, Муаммадҷон Иброимов, Назир Зарипов, Наимҷон Неъматҷонов, Неъмат Ваҳобов, Неъматулло Маҷидов, Неъматҷон Набиҷонов, Нуриддин Амонов, Нӯъмон Нарзуллоев, Обидҷон Мамадҷонов, Одина Ашӯров, Сайфиддин Лутфуллоев, Салимҷон Ҷӯраев, Саъдӣ Рӯзиев, Фаёз Раматов, амдам Қосимов,  икматҷон Абдумаҷидов, Эгамбердӣ Худойбердиев, Элмурод Абдураҳмонов, Юсуф Бобоев,  Юсуф Қурбонов  ва, этимолан, чандин дигар амсабақоне, ки дар бораашон маълумот пайдо карда натавнистем, халалдор менамояд.Яъне, тақрибан 52 нафар  аз 8 гурӯҳ ё каме зиёда аз  200 нафар  26%, ё аз ар 4 бародарону хоарон  як нафар ин дунёро падруд намуда, ба дунёи охират рафтааст.Чӣ илоҷ, аз дасти мо–бандагони Парвардигор дар ин ҳангом ҳеҷ чизе намеояд. Фақат ин зиндаёдонро ба ёд меорему барояшон даст ба дуо мебардорем. Инчунин мо–зиндагон бояд шукргузорӣ намоем, ки аз синни 70 гузаштаем, зеро аз рақамои оморӣ маълум мегардад: фақат 8%–и аолии дунё  ба синни 65 ва боло аз ин  медарояду 92% бошанд ин умрро намебинанд.

Мо–донишҷӯёни дирӯза  дарси касбиву панду ҳикматҳои ҳама устодонро дар ёд умрбод нигоҳ медорем. Ба некӣ  Сулаймонов А.С., Ёқубов Н.Х.,Абдуллоев О.М.,Абдусатторов З.,Алямова З.А.,Аслонов М., Асоев Қ.,Ахмедов Р.Б., Исоқов Я.Ш., Қамаров Ӯ.Ҳ., Леонтева В., Локтаев А.И., Раимов Ш.,Раматҷонов Ғ., Рӯзиев Ҷ., СаидхӯҷаевТ., Самиев Я., Семинихин Д.Д., Симагина, Солонников Г.И., Тешаев А., Тоиров И. Ғ., Тошматова Ш.,Утикеев Н.А., Файзиев Исроил,Ҳамроқулов П., Ҷалолов Амон, Ҷӯраев Г.Г., Хидиров Э., Щербинина В.В.,  Юнусов Ф. ва дигар устодони марумро  ба хотир меорему миннатдор буданамонро  аз оно баён менамоем.

Рӯзҳову моҳҳо ва солҳо мегузаранд. Ҳар рӯзи умрамон варақеро аз китоби пурғунҷоиши зиндагии мо ҳамроҳи хеш ба олами ёдҳо мебарад. Дирӯз буд, сентябри соли 1971 ба даргоҳи Институт ва факултаи дар 9–ум километр воқеъ гардидаи он қадам ниҳодему имрӯз 55 сол сипарӣ шудааст. Инак, пас аз 50 соли хатми Донишгоҳ ҳамсабақон бо ҳам вомехӯрему дида ба дидор мерасад. Бо якдигар оғӯш кашида салом менамоему ба чеҳраҳо назар меандозем. Рӯзгор дар чеҳраи мо таъсири амиқи худро гузоштааст. Ба қавли зиндаёд Лоиқ Шералӣ имрӯз «Мо солхӯрда ҳастем ё сол хӯрда моро». Намуди зоирии амагон пурра дигар шудааст. Дар сарҳо шумораи мӯйҳои сафед аз сиёҳаш бештар. Чеҳраҳо коҳида. Мардон пурраву баркамол, занҳоро бошад ағлаб нури бузурги Илоҳӣ муяссар гаштааст. ама мардон бобову бобокалон ва  бонувон бибию бибикалон  шудаанд. Вале умр барабас надодаем. Ҳар кас соҳиби обрӯ, хонаву ҷой, ҳамсар, фарзанд ва набераю аберадор.

Дар гузашта дар байни мо мисли   марум Асадулло Ғуломов–муовини аввали Сарвазири Ҷумурии Тоҷикистон (ҶТ), Рустам Усмонов–доктори илмои техникӣ, оҷӣ Абдувалӣ Комилов–директори Агентӣ оид ба меъморӣ  ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ, муовини аввал ва муовини раисони вилоятои Суғду Хатлон, раиси шари Хуҷанд, номзади  илмои техникӣ, Абдуқодир Давлатов  ва Маҳмадулло Сайдалиев–раисони ноҳияои Файзобод ва Данғара, Алишер Шарипов ва мавсуф–мушовирони Президент ва Сарвазири Ҷумурии ҶТ, Геннадий Патов–директори генералии ҶСШК «Среднеазгидроэнергестрой», Алимурод Элмуродов–директори яке аз корхонои калони Тоҷикистон–«Тиллои тоҷик» дониш омӯхтаанд.  Абдуманон Абдуаадов, собиқ муовини раиси шари Хуҷанд бошад,  зери робарӣ ва иштироки бевоситааш дао биною иншоотхои таьиноти гуногун ба монанди якумин дар вилояти Суғд студияи телевизионӣ, барқарорсози иншооти таьрихии «Қальаи Хуҷанд», таноброа, ки ду соили дарёи Сирро дар масофаи кариб 2 км пайваст менамояд,тарабхонаи «Темурмалик» дар шакли киштӣ ва  гузаргохи зеризаминӣ дар назди бозори овозадори «Панҷшанбе» сохта, ба истифода дода шудаанд. Ӯ инчунин яке аз маьруфтарин саёо дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ба 77 кишвари дунё сафар намудааст. Мавсуф аз ҷумла чунин иншоотои таьрихии азиме,ки инсониятро то оло ба айрат меоваранду мислашон то оло вуҷуд надоранд, бо чашмони худ дидааст: амфитеатри «Колизей» дар Рими қадим, ки анӯз дар солхои 70–80–и пеш аз милод бунёд карда шудааст; шари қадими Петра дар Урдун ва   «Девори бузурги Чин»–иншооти мудофиавию муандисии калонтарин дар ҷаон,ки 21196 метр тӯл кашидаасту сохтмонаш дар асри 3–и пеш аз милод оғоз гардида, бо танаффуси чандкарата то соли 1644 давом дошт. арду ба ферасти мероси умумиҷаонии СММ оид ба маориф ва фарханг/UNESCO дохил гардидаанд; Мачу–Пикчу–шари кадимии инко дар Анд (Перу), ки дар асри 15 сохта шуда, номи «айратовари нави дунё» («новое чудо света»)–ро дорад; Тоҷ–Махал («Шохи қасрхо»)–мақбара–масҷид,ки дар шахри Акраи индустон дар сохили дареи Ҷамна дар солхои 1632–1653 бунёд гардидааст; айкали Исо дар шари Рио–де–Женейро (Бразилия) ки вазнаш 1145 тонна ва баландиаш 38 метр мебошад; Чичен–Итса–маркази сиёсию фарангии халқияти мая дар шимоли нимҷазираи Юкатан дар Мексика.

анӯз ним аср пеш дар шари Хуҷанд мафил бо номи «гап» ё «гаштак»  ташкил гардида буду  мо низ дар Душанбе  ба бародарони  амсабақи суғдӣ пайравӣ намуда, соли 2000 чунин мафилро барпо намудем.Аз ин давра анъанае пайдо гардид, ки  ар охири мо ҳамсабақони  аз дигар гӯшу канорои кишвар ба  Душанбе ва ё Хуҷанда меомада, кӯшиши  дар ин вохӯрио иштирок кардан менамоянд. Яке аз иштирокчии фаъоли ин мафил  дар Хуҷанд Баодур Абдураимов аз шари Фарғонаи Ӯзбекистон аст. Ман ки  аз сабаби берун аз Тоҷикистон рафтани фарзандон соли 2017 аз Душанбе ба зодгоам, шари Истаравшан кӯч бастам, бо амроии амдиёрам Ӯктам Ҷӯраев  дар ин вохӯрио  низ иштирок  менамоем.

Мегӯянд, ки баъд аз азизони дилу дида ва пайвандони шахс одамои ба ар каси мо наздик амсоягону амсабақон мебошанд. Аз ин рӯ ман низ кӯшиш ба харҷ додаам, ки бо амсабақон робита дошта бошам.  Дар ин ҷода ифтихор дорам, ки  риштаи дӯстона  бо  равоншодон  Абдуҷалол Раупов, Зиёхӯҷа Зокиров, Икром Акрамов ва  Мамудҷон Зарипов, инчунин  Абдуманон Рамонов, Абдурозиқ Яҳёев, Асадулло Ғуломов, Аюб Абдуллоев, Ғаниҷон Раҳмонов, Ғаффор Каримов, Мадамин Ризоев, Неъмат Ваҳобов, Нӯъмон Нарзуллоев, Обидҷон Мамадҷонов, амдам Қосимов,  Эгамбердӣ Худойбердиев ва  Юсуф Бобоев доштаму оло муносибати асанаро қариб бо ама зиндадилон  ва хусусан  Абдуманон Абдуаҳатов, Абдусаид Султонов, Абдумаҷид Ҷалилов, Алишер Шарипов, Баҳодур Абдураҳимов, Идрисхон Асламов, Муҳаммадҷон Ашӯров, Одина Мансуров, Тоҳир Файзуллоев, Ӯктам Ҷӯраев, Ҳакимбой Ҳабибов, Абдувалӣ Ваҳобов, Абдуқодир Давлатов, Алимурод Элмуродов, Бобокарим Тилаков, Ғуфронҷон Рустамов, Қурбонбой Юлдошев, Маҳмадрозиқ Саидмуҳиддинов, Наим Баҳриддинов, Таваралӣ Одинаев, Усмонҷон Абдуллоев ва дигарон давом медиам.

Имрӯз ба чеҳраҳои гуногуни ҳамсабақон, ба рухсораи сурху сари баланди эшон назар андохта, ба шодиву фараҳашон ҳамроҳ гардида, дил мехоҳад, ки нидо намояд:

Марҳабо ҳамсабақон, зиҳӣ Донишгоҳи азиз, Ташаккур устодон!

Муним Ҳасанов,

аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь