Соҳаи маориф ҳамчун заминаи асосии рушди ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар мақоми калидӣ дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму технология, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин, фаъолияти Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа равона гардидааст.

Оид ба заҳматҳову талошҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишварамон ва ҳамчунин дастовардҳои соҳаи мазкур зарур шуморидем то бо натиҷаҳои ин ҳама кӯшишҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хонандаро ошно гардонем.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, ки 16.12.2025 ироа гардид таъкид намудан, ки рушди устувори ҷомеа бевосита аз сатҳи илму маориф вобаста мебошад. Маҳз ҳамин ҳидоятҳо замина гузоштанд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара фаъолияти худро дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва қонунгузории амалкунанда ба роҳ монад.

Бо ин мақсад шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара фаъолияти кории худро дар се моҳи соли 2026 ҷиҳати иҷрои муҳтавои Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияҳо, Стратегияҳо дар соҳаи маориф, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ”  ба роҳ мондааст.

Мудири шуъбаи маориф дар Шӯроҳои шуъбаи маориф, ҷаласаҳои назди мудир ва Ситоди доимоамалкунандаи бартарафсозии мушкилоти соҳаи маорифи назди шуъбаи маорифи ноҳия ба директорони муассисаҳои таълимӣ, мушовирони шуъбаи маориф дар самтҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, хатми муассисаи таълимӣ бо аттестати аъло ва медали тилло, зимистонгузаронӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, давомоти омӯзгорону хонандагон, пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна равияҳои тундрав (террористӣ, экстремистӣ), ҳуҷҷатгузории фаъолияти муассиса, омода намудани довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода истодаанд.

Базаи кадрӣ

Айни замон дар ноҳия 94 муассисаи таълимӣ аз ҷумла, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Гимназияи ҷумҳуриявӣ, 1 Литсейи тамоюли техникӣ, 1 Мактаби Президентӣ ва 1 Литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият намуда, дар онҳо 2520 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1403 нафар зан кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз шумораи умумии омӯзгорон 1902 нафар дорои таҳсилоти олӣ ва  618 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Хонандагон

Дар соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия  53646 (53-ҳазору шашсаду чилу шаш) нафар хонанда, аз ҷумла 25878 (25-ҳазору ҳашсаду ҳафтоду ҳашт) нафар  духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Қабул ба синфи 1-5263 (5-ҳазору дусаду шасту се) нафарро ташкил намуда, 2491 (2-ҳазору чорсаду наваду як) нафарашон духтарон мебошанд. Ҳамчунин соли таҳсили 2024-2025 синфи 9-ро 3889 (3-ҳазору ҳашсаду ҳаштоду нуҳ) нафар хонанда хатм намуда, дар соли таҳсили нав 3413 нафар, аз ҷумла 1585 нафар духтарон таҳсилро дар синфи 10 идома дода истодаанд.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳия 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо   2525 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаст.

Инчунин дар назди 81 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 90  марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак (142 гурӯҳ) ташкил шуда, 4200 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудааст. Аз ин маълум мешавад, ки ба таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар маҷмуъ 6725 нафар, 35%-и кӯдакони аз 1,5 сола то 6 солаи ноҳия фаро гирифта шудаанд.

Олимпиадаҳо

Дар соли хониши 2025-2026 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар байни хонандагони синфҳои 5-11, 173  нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла: 15 нафар сазовори ҷойи якум (медали тилло), 17 нафар сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва 141  нафар сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ низ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 148 медал ба даст овардаанд. Аз 148  медалҳои ба дастоварда 37 медали тилло, 44 медали нуқра, 67 медали биринҷӣ мебошанд.

 Озмунҳо

Саъдуллоев Диловар омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №8 дар даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” дар ноҳияи Вахш иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин барномасози ҷавон” миёни хонандагони синфҳои 9, 10, 11 хонандаи синфи 10-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Абубакри Муродалӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Инчунин дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ” кабинети технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”,  “Тоҷикистон- ватани азизи ман” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва намоён гардиданд. Дар озмуни ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, панҷ нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки ин аз натиҷаи назаррас ва меҳнати шабонарӯзии аҳли маорифи ноҳия шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, хонандагони мо иштироки фаъолона нишон дода соҳиби панҷ ҷойи ифтихорӣ, 2 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм, гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–ватани азизи ман” ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда яке соҳиби ҷойи дуввум ва дигаре сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Дар  давраи ҳисоботӣ тибқи мактуби раёсати маорифи  вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” гузаронида шуда, омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Муқаддасов Умедҷон ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Инчунин дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” гузаронида шуд.

 Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Бо мақсади иҷрои самараноки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 дар бораи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, раиси вилояти Хатлон ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 21.01.2026, № 35 оид  ба омӯзишӣ забонҳои русӣ ва англисӣ ба тавсиб расида, моҳи феврал ҳамчун моҳи омӯзиши забони русӣ ва моҳи март ҳамчун моҳи омӯзишӣ забони англисӣ эълон карда шуда, нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф таҳия ва тасдиқ карда шуд. Вобаста ба иҷрои бандҳои нақша- чорабинӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст.

 Сохтмон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кормандони шуъбаи маориф бо роҳбарии мудири шуъбаи маорифи ноҳия барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмони Олиқадр барои ба истифода додани раёсати маорифи ноҳияи Данғара, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар кӯчаи Оимхол Абдуллоеваи ҷамоати шаҳраки Данғара, №88, 89 дар деҳаҳои Пушинг ва Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг, №90 дар деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез, муассисаҳои таълимии томактабии №5, 10, 11, 12  дар деҳаи Пушинги ҷамоати деҳоти Пушинг, Рахшонзамин ва Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез тамоми чораҳоро андешида, муассисаҳои таълимии мазкур саннаҳои 23-24 октябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд. Инчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат дар таърихи рӯзи 22.10.2025 муассисаи таълимии №91 дар деҳаи Боғпарвари ҷамоати деҳоти Сафобахш  бо иштироки вазири маориф ва раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ гардид.

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии муассисаи таълимии №73 ҷамоати Лолазор, деҳаи Даштак бо иқтидори 240 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода қарор дода шуд.

Айни ҳол дар ноҳия  сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №68  ҷамоати деҳоти Сафобахш,  деҳаи Маликова бо иқтидори 200 ҷойи нишаст дар як баст, азнавсозии муассисаи таълимии №56 ҷамоати шаҳрак, кӯчаи Тағоев дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта,

-сохтмони муассисаи таълимии 3 ошёна дар ҷамоати деҳоти шаҳрак, маҳаллаи 4 бо иқтидори 640 ҷойи нишаст дар як баст;

-сохтмони муассисаи таълимии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Сомондеҳ бо иқтидори 320 ҷойи нишаст дар як баст;

-сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №19 дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Тоҷмаҳал бо иқтидори 240 ҷойи нишаст дар як баст,

-сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №26 дар ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Корез бо иқтидори 640 ҷойи нишаст дар як баст;

-сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23 дар ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Ғиҷовак бо иқтидори 240 ҷойи нишаст дар як баст;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти шаҳрак, кӯчаи Советӣ бо иқтидори 300 ҷой;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти шаҳрак, кӯчаи С. Турдиев бо иқтидори 300 ҷой;

-сохмони муассисаи томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Сафобахш, деҳаи Сафобахш;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Раҳмониён бо иқтидори 450 ҷой;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Исмат  Шарифов, деҳаи Хуррамзамин бо иқтидори 450 ҷой;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Лолазор, деҳаи Нурбахш бо иқтидори 300 ҷой;

-сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии 2 ошёна дар ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Ғиҷовак бо иқтидори 300 ҷой бо маром рафта истодааст.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара нишон медиҳад, ки соҳа бо суръати устувор рушд намуда, барои таъмини таълими босифат ва тарбияи насли ояндасоз тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь