Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро меҳварӣ, афзалиятнок ва ҷойгоҳу манзалати омузгорро дар пешбурди таълиму тарбия ва беҳтар намудани сатҳу сифати дониш азхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ муассиру ҳалкунанда ҳисобиданд. Аз ин хотир, кормандони соҳаи маориф, махсусан омӯзгоронро зарур аст, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар боз ҳам беҳтар намуда, ҷиҳати ба воя расонидани ҷавони ояндасози Ватан камари ҳимматро маҳкамтар банданд. Оид ба рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун бо мудири Шӯъбаи маорифи Ҷайҳун Эшонзода Умед сӯҳбат кардем, ки ӯ гуфт:
Мавсуф иброз намуд, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи маориф, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳунро ба роҳбарӣ гирифта, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ онҳоро амалӣ намуда истодааст.
Барои дар амал татбиқ намудани суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тамоми дастуру супоришҳоро содиқона иҷро намуда, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва пеш аз ҳама тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар се моҳи соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо, Барномаҳои давлатӣ, Қонунҳо, Консепсияҳо ва Стратегияҳои ба соҳаи маориф дахлдошта нақша – чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Муассисаҳои таълимӣ
Дар ноҳияи Ҷайҳун 52- муассисаҳои таълимӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи иттиллоотӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо ва 3- адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият доранд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1952-нафар омӯзгорон, аз ҷумла занон 989-нафар аз инҳо 1237-нафар бо маълумоти олӣ, 523-нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 187-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намуда истодаанд, ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Инчунин 83 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ва 29 нафар бо маълумоти ғайрипедагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуда истодаанд. Бо дараҷаи тахассуси олӣ бошад 436- нафар, бо дараҷаи тахассуси якум 570-нафар, бо тахассуси дуюм 356-нафар, бе дараҷаи тахассусӣ 590-нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Шумораи омӯзгороне, ки унвони аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибанд 35- нафар мебошанд.
Корҳои сохтмонӣ
Бояд зикр намуд, ки сол то сол шумораи хонандагон дар ноҳия бомаротиб зиёд шуда, барои мо аҳли маорифчиён зарур аст, ки баҳри таъмин намудани хонандагон бо ҷойи нишаст ва шароити созгор барои таҳсили онҳо мунтазам чораҷӯи намоем. Вобаста ба масъалаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан сиёсати маорифпараваронаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, шарикони рушд, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кумитаи падару модарон дар се моҳи соли 2026 дар назди муассисаҳои таълимии №17- 14-синфхона, №16 -4 синфхона, синфхона, №46-4-синфхона, №50- 4-синфхона, №3- 7- синфхона дар назди муассисаи таълимии №1 – 17-синфхона ва дар назди муассисаи таълимии №6 аз ҳисоби падару модарон 16-синфхона дар маҷмӯъ сохтмони 62-синфхонаи иловагӣ оғоз ёфта айни замон бо маром идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар назди 15-муассисаиҳои таълимии ноҳия сохтмони 40-синфхонаи маракази инкишофи кӯдак идома дошта, дар моҳи декабри соли 2025 танҳо 7-синфхона дар назди муассисаи таълимии №12 ва “Калидчаи тиллоӣ” 8-синфхона дар назди муассисаи томактабии №3 “Калидчаи тиллоӣ” аз навсозӣ гардида, бо тамоми шароити хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда боқимондаи синфхонаҳои маркази инкишофи кӯдак дар арафаи ҷашни Наврӯзи Байналмиллалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дастуру супоришҳо
Яке аз самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ин иҷроиши барномаҳои давлатӣ мебошад. Вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои солҳои 2024-2028” дар се моҳи соли 2026 дар умум 1297 адад комютер (дар соли 2025 , 171 адад харидорӣ шудааст), 268 адад принтер (дар соли 2025, 48 адад харидори шудааст), 81 адад тахтаи электронӣ (дар соли 2025 -34 адад харидорӣ шудаст) 97 адад видеопроектор (34 адад харидори шудааст), 407 адад камераҳои мушоҳидавӣ, 53 адад кабинетҳои технологияи иттилотӣ ва 24 адад мизу курсиҳои махсуси кампютерӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар ноҳия 56 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ (бо таҳсилоти олӣ 43 нафар, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 13 нафар) ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд ва аз ин шумора 28 нафарашон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаштаанд.
Барномаҳои давлатӣ
Иҷроиши Барномаи муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ бошад дар се моҳи соли 2026 аз ҷониби муассисаҳои таълимии ноҳия то ҳол ягон адад харидорӣ нагардидааст. Аммо дар соли 2025 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – 21 адад кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ ва суруди мусиқӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки бағайр аз ин дар соли 2024 аз ҳисоби Раёсати маорифи вилояти Хатлон 26-кабинети фаннӣ, аз ҷумла фанни физика барои 3-кабинет, ба ҳар кабинет 7-номгӯй, фанни химия барои 3-кабинет ба ҳар як кабинет 35-номгӯй, фанни биология барои 5-кабинет, ба ҳар як кабинет 52-номгӯй, фанни география барои 6-кабинет, ки ҳар як кабинет 15-номгӯй таҷҳизотҳои зарурӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон 10-кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои химия- 1-адад, физика 1- адад, ва биология 1-адад бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои синфхона, мизу курсӣ ва ҷевону тахтаҳои синфӣ, 7-адад кабинети дигар аз фанҳои математика, география ва биология ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шуда, дар се – моҳи соли ҷорӣ аз ин таҷҳизотҳо самаранок истифода бурда шуд.
Забономӯзӣ
Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019 №438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълим омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаи таълимӣ ва томактабӣ муайян намуда, барои то соли 2030 пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳия дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон “Дар бораи омӯзиши забонҳои русӣ ва анлисӣ” бо мақсади баланд бардоштани маърифати забондонии хонандагон, маҳорати касбии омӯзгорону дигар кормандони соҳаи маориф дар давоми ҳар соли таҳсил унвонии “Феврал моҳи такмили омӯзиши забони русӣ” ва “ Апрел моҳи такмили омӯзиши забони англисӣ” фармоиши мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун инчунин нақша чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешниҳодгардида таҳия ва тасдиқ карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия гардонида шуд.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар асоси нақша чорабинии таҳия карда шуда, дар доираи ташкил ва гузаронидани “Феврал моҳи такмили омӯзиши забони русӣ” як қатор чорабиниҳо аз қабили гузаронидани маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои тантанавӣ бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла саҳифаи “Фейсбук” пайваста инникос карда мешуд.
Дар давраи сипаригардида баҳри сайқал додани дониши омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ дар як моҳ дар се марҳила баҳри сайқал додани дониши худ ба шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе равона гардида аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд. Айни замон аз фанни забони русӣ 140-нафар омӯзгорон аз ҷумла 66-нафар занон ва аз фанни забони англисӣ 84-нафар аз ҷумла 42-нафар занон бо маълумоти олии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба таълиму тарбия машғул мебошанд.
Доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун дар се моҳи соли 2026 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия доир ба Қонуни мазкур ҷузвдонҳои алоҳидаи комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ҷузвдони алоҳида доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ташкил карда шуда онҳо вазифадор карда шуданд, ки нақша чорабиниҳо тартиб дода, оиди иҷроиши корҳои анҷом дода шуда ҳар се моҳа ба шуъбаи маориф ахбороти хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Чорабиниҳо
Дар назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар 3- моҳи соли 2026 нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати иҷроиши Қонуни мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ пайваста ҷаласаҳои падару модар ва маҷлисҳои синфӣ бо иштироки падару модарон доир мегардад ва дар ҷаласаҳо иҷроиши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шудаанд. Бо мақсади беҳтар намудани таълиму тарбия да самти пешгирии хонандагон аз беинтизомиҳо ва шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фаннӣ вобаста ба рӯзҳои таърихӣ гузаронида шудаанд.
Озмунҳо
Дар самти озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ қайд менамоем, ки дар се моҳи соли 2026 давраи 1-уми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, баргузор гардида ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ 960-нафар хонандагон роҳхат гирифтанд.
Айни замон даври муассисавӣ озмуни “Илм фурӯғи маърифат” оғоз ёфта дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.
Илова бар ин ҳамасола байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ олимпиадаи фаннии мактаббачагон баргузор карда мешавад. Вобаста ба ҳаракати олимпӣ қайд менамоем, ки дар се моҳи соли 2026 аз байни хонандагони синфҳои 5 то 11 ҳамагӣ 33-нафар дар даври вилоятӣ иштирок намуда аз ин шумора дар умум 6- нафар хонандагон аз синфҳои 5 то 11 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Яке аз масъалаҳое ки таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ин бақайдгирии хонандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин шурӯъ аз моҳи марти соли 2026 бақайдгирии довталабон дар нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ҳудуди ноҳия оғоз гардида, то ба ҳолати имрӯза 601-нафар ба қайд гирифта шуд, ки 24-фоизро ташкил медиҳад.
“Омӯзгори сол”
Қайд менамоем, ки дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, 70-фоизи муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда дар натиҷа омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии №29 Саторов Мустафо сазовори ҷойи аввал, омӯзгори фанни математика Тошов Раҳматулло омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии №21 сазовори ҷойи дуюм ва омӯзгори фанни физикаи муассисаи таълимии №6 Назаров Ҳотамҷон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати бартарафсозии мушкилотҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ “Рӯзи шуъбаи маорифи ноҳия” дар асоси нақшаи таҳияшуда гузаронида истодааст, ки дар давоми се моҳи соли 2026 дар 12 муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, ба муассисаҳои таълимӣ ёрии методӣ расонида шуд.
Такмили ихтисос
Масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф масъалаҳое аст, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст ва зери таваҷҷуҳ мебошад. Мувофиқи он ҳамаи кормандон вобаста ба талабот дар муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва филлиали он дар шаҳри Бохтар гузашта истодаанд.
Дар давоми се моҳи соли 2026 90-нафар шунавандагон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд.
Нақшаҳо неканд
Қобили қайд аст, ки дар оянда низ рисолати мо кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонон, бо роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, барои рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ



