Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки соли 2022 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, субҳи 18-уми июл бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромадааст.
Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек 18-уми июл ба “АП” гуфтааст, ки бародараш баъди 4 солу 10 рӯз аз зиндони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе ба озодӣ баромад.
“Бародарам, ки тӯли 4 солу 10 рӯз дар зиндон буд, озод шуд! Бародарам, ки 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, Алҳамдулиллоҳ, ки тибқи Қонуни афв 3 сол аз муҳлати ҷазояш кам карда шуд ва ба озодӣ баромад”, – навишт ӯ.
Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли 2022 боздошт ва 3-юми ноябри соли 2022 бо моддаи 307, қисми 2, банди 3 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) муттаҳам ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.



