Футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров пас аз бемории вазнин дар синни ҳаштодсолагӣ дар Маскав чашм аз олам пӯшид.
Вай 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри бист ба шумор меравад. Шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Помир”-и Душанбе солҳои 1964-1977 (то соли 1970 “Энергетик” ном дошт) бозӣ карда буд. Солҳои зиёд капитани даста ҳисоб мешуд. Дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969-1970) шарафи дастаи машҳури “Торпедо”-и Маскавро ҳимоя карда буд.
Тӯли 40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол кор кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии “Гузариш” (“Переправа”) мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи “Футбол-Хоккей” сарфароз гаштааст.
Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи “Помир” аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии “Помир”, дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими “Саддам”-и Сарбанд буд.
Владимир Ғуломҳайдаров беш аз 20 сол дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон зист. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алмаато), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алмаато), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кард.
Ғуломҳайдаров пас аз ба нафақа баромадан бо пайвандони худ дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебурд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь