Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳли ҳунар ва ҷалби бештари сокинон ба чорабиниҳои фарҳангӣ, Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пурра навсозӣ гардид.
Навсозии қасри фарҳанг бо ташабуси раиси ноҳия ва мақомоти Прокуратураи ноҳия амали гардид.
Бояд гуфт, ки қасри фарҳанги ноҳия соли 1936 бунёд шудааст ва аз он сол то ҳол рӯйи тахмиро надида буд.
Дар раванди корҳои навсозӣ бинои Қасри фарҳанг аз таъмири пурра бароварда шуда, толорҳо ва дигар ҳуҷраҳои он бо шароити муосир таъмин гардиданд. Акнун аҳли фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ метавонанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ, барномаҳои консертӣ ва вохӯриҳои маърифатиро дар шароити муносиб баргузор намоянд.
Навсозии Қасри фарҳанг барои рушди истеъдодҳои ҷавон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии фарҳангӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аҳли фарҳанги ноҳия таъкид мекунанд, ки фароҳам овардани чунин шароит барои ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва махсусан ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳангу ҳунар аҳамияти муҳим дорад.
Қасри фарҳанги навсозишуда минбаъд ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ хизмат намуда, барои боз ҳам ғанӣ гардидани ҳаёти фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун мусоидат хоҳад кард.
Фарҳанг мероси маънавии миллат ва василаи муҳими шинохти арзишҳои миллӣ мебошад. Рушди он ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи суннатҳои неки мардумӣ замина мегузорад.

Қасри фарҳанги Ҷайҳун: Аз таърихи 90-сола то шароити муосир
Блоки рекламавӣ


