Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ соҳибкорони ватанӣ барои таъмиру навсозии роҳҳои харобгашта беш аз 52 миллион сомонӣ маблағ сарф кардаанд.
Сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар» Исмон Тағайбекзода  ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки бо ин маблағ 72,8 километр роҳ асфалтпӯш, 139 километр роҳ шағалпӯш ва 16 пул таъмир гардида, 140 адад чароғҳои кӯчагӣ насб шудаанд.
Ба гуфтаи масъулон, дар таъмиру ободонии роҳҳо соҳибкорони ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Кӯшониён, Ҷайҳун, Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Аммо соҳибкорони ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритус дар ин самт маблағгузорӣ накардаанд.
Дар минтақаи Бохтар дар маҷмӯъ 2 ҳазору 749,2 километр роҳ мавҷуд буда, аз ин 340,7 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 435,2 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 1 ҳазору 977,4 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Масъулон мегӯянд, таъмиру навсозии роҳҳо марҳила ба марҳила идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь