Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ ду нафарро, ки бо баҳонаи фолбинӣ ва табобати ғайриқонунӣ шаҳрвандонро фиреб медоданд, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, боздоштшудагон сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Қубодиён буда, худро ҳамчун «фолкушо» ва «табиб» муаррифӣ намуда, бар ивази маблағ ба шаҳрвандон хизмат мерасонидаанд.

Муайян гардидааст, ки яке аз онҳо барои ба истилоҳ муолиҷаи бемории гулӯдард аз хоки лонаи парандаҳо истифода мекардааст. Ҳангоми азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии онҳо риштаву сӯзан, шамъ, собун, испанд, биринҷ, ҷав, санг, корд, лонаи парандаҳо ва дигар ашёи барои фолбинӣ истифодашаванда дарёфт ва мусодира шуданд.

Мақомоти корҳои дохилӣ таъкид менамоянд, ки чунин амалҳо боиси фиреби шаҳрвандон гардида, ба паҳншавии хурофот мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, аз сокинон даъват карда мешавад, ки ба ҳар гуна даъвоҳои беасоси фолбинӣ ва «табобатҳои мӯъҷизавӣ» бовар накунанд.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь