Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ манъ буда, ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад.
Тавре аз ин раёсат хабар додаанд, нафароне, ки ба фурӯши чунин мавод машғул мешаванд, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мувофиқи ин модда нисбат ба чунин шахсон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо таъйин карда мешавад.
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон қатъиян талаб менамояд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь