Якуми июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукуҳи идона баргузор шуд.
Дар тантанаи идона Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, аз намоишгоҳу гӯшаҳои омоданамудаи муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, варзишӣ ва тандурустӣ боздид намуд.
Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо пешкаш намуда, истеъдоду маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, аъзои Академияи хурди илмҳо ва хонандагони эҷодкор дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.
Раиси вилоят ба гурӯҳи калони кӯдакон туҳфаҳо супурда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии бештари аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати онҳо дастуру супоришҳо дод.
Дар тантанаҳои идонаи «Наврӯзгоҳ» беш аз 30 ҳазор кӯдакону наврасон иштирок намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь