Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 27-28 июни соли 2026, инчунин муаррифии имкониятҳои содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид.
Дар асоси ин қарор ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ва баргузории намоиш-фурӯш таъсис дода шуда, ҳайати он аз намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва масъулони соҳаҳо иборат мебошад. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ин чорабинии муҳими иқтисодӣ ва фарҳангӣ тасдиқ гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаи муайян намудани қитъаи замин ва макони баргузории намоиш-фурӯш ҳаллу фасл гардида, барои ташкили шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Инчунин, ҳайати расмии вилояти Хатлон барои иштирок ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии вилоят омода мегардад.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла пиёз, картошка, лаблабуи сурх, карам, шалғам, олу, тарбуз, харбуза, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои меваю сабзавот, инчунин меваҳои хушк ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд. Дар баробари ин, маҳсулоти саноатии корхонаҳои вилоят низ пешниҳоди меҳмонон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон мегарданд.
Бо мақсади интиқоли саривақтӣ ва бехатари маҳсулот ба шаҳри Алмаато, ташкили мошинҳои калонҳаҷм барои ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шуда, масъалаҳои барасмиятдарории гумрукии молу маҳсулоти содиротшаванда бо ҷалби мақомоти гумрук ва дигар сохторҳои марбута дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонӣ аст. Дар ин самт Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ҷалби ҳунармандон ва муаррифии беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар доираи намоиш-фурӯш баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст. Барои ин саҳна, павилонҳо, дарвозаҳои ороишӣ ва дигар иншооти зарурӣ омода гардида, барномаҳои консертӣ ва фарҳангӣ ташкил хоҳанд шуд.
Барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ дар шаҳри Алмаато ташкили гӯшаҳои хизматрасонии бонкӣ пешбинӣ гардидааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато ба густариши бозорҳои содиротӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат намуда, имкониятҳои фаровони вилояти Хатлонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь