Шарифхон Сафарзода, раиси ВМКБ, гуфт, биноҳое, ки аз сел пурра хароб шудаанд,аз нав сохта мешаванд ва боқимонда таъмир карда мешаванд.

Сокинони зарардида таҳти назорати доимии ҳукумат қарор доранд ва фавран ҳама гуна кӯмаки заруриро мегиранд. Дар айни замон, оилаҳо ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда, бо ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Шоми 20 июл, дар деҳаи Деҳрушони ҷамоати деҳоти Назаршох Додихудев бар асари гармии зиёд сел фаромад. “Дар натиҷа заминҳои кишоварзӣ ва майдончаи варзишӣ кучаю роҳравҳо, ва шоҳроҳи байналмилалиро зарар расонида айни замон самти роҳ баста мебошад”, – гуфт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Нозимиён.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь