Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 443 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд. Ҳамзамон, 33 корхона дар асоси иқтибоси нозироти андоз аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ хориҷ гардиданд.

Дар ин бора сардори Сарраёсати омори вилояти Хатлон Ватанзода Салоҳиддин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, саноатчиёни вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 6 миллиарду 241 миллиону 313 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Бо дарназардошти индекси нархҳо, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,9 фоиз-ро ташкил дода, саҳми вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатии ҷумҳурӣ ба 18,5 фоиз расидааст.

Тавре зикр гардид, рушди соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷӣ (13,2 фоиз), саноати коркард (6,5 фоиз), таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво (28,7 фоиз) ва инчунин таъминоти об, коркарди партовҳо ва истифодаи такрории онҳо (34,9 фоиз) таъмин шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 927 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доштанд. Аз ин шумора 143 адад ба соҳаи истихроҷ, 718 адад ба саноати коркард ва 66 адад ба бахшҳои таъминоти нерӯи барқ, газ, об ва коркарди партовҳо рост меоянд.

Бо вуҷуди ин, аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 243 коргоҳу корхона фаъолият надоштанд. Аз онҳо 184 адад бинобар хусусияти мавсимии фаъолият ва 59 адад бо сабаби бозмондагӣ муваққатан аз фаъолият бозмондаанд.

Рушди соҳаи саноат ва таъсиси корхонаҳои нав яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди вилояти Хатлон буда, барои зиёд гардидани истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь