Мақомоти идораи оташнишонии Тоҷикистон ба таҳқиқи сӯхтори бинои дуошёна дар шаҳри Норак шуруъ кардаанд. Ҳодиса 7-уми июн рух дода буд.
Рӯзи 8-уми июн дар дафтари матбуоти Сарраёсати оташнишонӣ гуфтаанд, ки мутахассисон сабабҳои рух додани ҳодиса ва ҳаҷми зарари онро муайян доранд.Баъди ошкор шудани сабаби сӯхтор ба расонаҳо гузориш медиҳанд.
Муовини аввали раиси шаҳри Норак дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва раванди рафъи пайомадҳои ин ҳодисаро назорат мекунад.
Навори сӯхтори ин бинои дуошёна дар шаҳри Норак шоми 7-уми июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Ин бино пурра аз чӯб сохта шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса зиёда аз 16 оила бе хонаву дар мондаанд.
Блоки рекламавӣ



