19 июли соли 2026, тахминан соати 13:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW» рақами қайди давлатии 01-01 DB/07 Бойматова Дилноза Германовна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди кӯчаи С. Раҷабови шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараҳои муҳофизатии пули болои канали обгузари «Ҳисор» бархӯрда, сипас ба дохили канал афтидааст, хабар медиҳад ВКД.
Дар натиҷаи садама худи ронанда Бойматова Дилноза Германовна ва мусофири автомашина Воҳидов Фахриддин Абдуҷаборович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



