Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ бунёд карда мешавад. Ин масъала 4 июни соли равон зимни вохӯрии роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» баррасӣ гардида буд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрии роҳбари МОИ –и «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» хонум Менг Мин густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ гардид.
Муҳаммад Муҳаммадзода соҳибкори хориҷиро бо фаъолияти минтақа, имтиёзҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон шинос намуда, изҳор дошт, ки маъмурияти минтақа барои ҳамкории судманд бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамаҷониба омода аст. Ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани мувофиқаҳои дар суҳбат бадастомада, аз ҷумла бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

МОИ «Суғд»: Корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ
Блоки рекламавӣ


