Дар шаш моҳи аввали соли 2026 соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард беш аз 23 миллиону 608 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 727 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар корҳои ободониву созандагӣ шаҳодат медиҳад.

Тавре сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар» Тағайбекзода Исмон ба хабарнигори «Фараҳ» иттилоъ дод, бо ин маблағҳо 35,1 километр роҳ асфалтпӯш, 138,25 километр роҳ шағалпӯш, 15 адад пул таъмиру барқарор ва 140 адад чароғи равшанидиҳанда насб карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар татбиқи ин корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ назаррас мебошад. Маҳз бо дастгирии онҳо имконият фароҳам омадааст, ки ҳолати роҳҳои маҳаллӣ беҳтар гардида, шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва амнияти роҳҳо тақвият ёбад.

Масъулон бар ин назаранд, ки ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагиву ободонӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ аҳамияти калон дошта, чунин ҳамкорӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь