Камераҳои назоратие, ки дар партовгоҳҳои чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон насб шудаанд, даҳҳо ҳолати ғайриқонунии партофтани партовро ошкор кардаанд.

Дар нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳрҳои Бохтару Норак ва ноҳияи Ёвон 63 камераи назоратӣ дар партовгоҳҳо насб гардидааст.
Ба гуфтаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Мирзоалӣ, тавассути ин камераҳо 26  ҳолати ғайриқонунии партофтани партов аз ҷониби сокинон ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки то охири соли ҷорӣ дар партовгоҳҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боз 250 камераи назоратӣ насб карда мешавад.
Ба гуфтаи масъулон, истифодаи камераҳои назоратӣ барои баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, нигоҳдории тозагии муҳити зист ва сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Бо ин васила нисбат ба шахсоне, ки партовро дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ мепартоянд, тибқи талаботи қонун чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь