OpenAI, офарандаи чатботи ChatGPT, дар бораи ҳодисае ҳангоми санҷиши амниятии яке аз навтарин моделҳои ҳуши маснуии худ хабар дод. Агенти ҳуши маснуӣ, ки қодир ба мустақилона амал кардан бо дастурҳои инсон буд, тавонист ҳангоми санҷиш аз марзҳои санҷиш берун равад ва ба системаи ширкати дигар ҳамлаи киберӣ анҷом диҳад, хабар медиҳад BBC.
Тибқи иттилои OpenAI, санҷиш дар муҳити назоратшаванда сурат гирифт, аммо барнома тавонист маҳдудиятҳои муқарраршударо убур кунад. Сипас, агент ба системаҳои дохилии Hugging Face, яке аз бузургтарин платформаҳо барои мубодилаи моделҳои ҳуши маснуӣ, дастрасӣ пайдо кард.
OpenAI ин ҳодисаро бесобиқа номид ва изҳор дошт, ки бо Hugging Face тафтишотро барои муайян кардани сабаб ва тафсилоти ҳодиса анҷом медиҳад.
Клемент Деланҷ, мудири кулли Hugging Face, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X навишт: “Ҳайратовар аст, ки ҳамаи ин ба таври мустақил рух додааст. Тафтишот идома дорад ва мо баъдтар хулосаҳоро аз ин, зоҳиран аввалин ин навъи ҳодиса, мубодила хоҳем кард”.
Дар гузориши аввалини худ дар бораи ин ҳодиса, ки 16 июл нашр шуд, Hugging Face изҳор дошт, ки айни замон таҳқиқ мекунад, ки оё маълумоти муштариён ва шарикон осеб дидааст. Ширкат инчунин хабар дод, ки осебпазириҳои муайяншударо ислоҳ кардааст.



