Рухсатпулии омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон то 22 июли соли ҷорӣ пурра пардохт гардидааст.
Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чиллазода Аъзамҷон дар суҳбат бо хабарнигори «Фараҳ» иттилоъ дод, ки маблағи умумии рухсатпулии омӯзгорони вилоят беш аз 448 миллиону 556 ҳазор сомонӣ-ро ташкил дода, он пурра маблағгузорӣ ва пардохт шудааст.
Масъулон таъкид мекунанд, ки пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон яке аз тадбирҳои муҳими дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунад.
Блоки рекламавӣ



