Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон 1972 ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ошкор гардида, нисбати қонуншиканон ба маблағи 900 ҳазору 510 сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Роҳбари Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ ба хабарнигори «Фараҳ» иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Сарраёсат ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1924 санҷишу амалиёт дар субъектҳои ғайрисоҳибкорӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо 1972 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.
Номбурда афзуд, ки бо дарназардошти ҷаримаҳои солҳои гузашта, дар маҷмӯъ 907 ҳазору 740 сомонӣ, ё 101 фоизи маблағи пешбинишуда, ба буҷет ворид гардидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, бештарини ҳуқуқвайронкуниҳо ба самти идоракунии партовҳо рост омада, дар ин самт 554 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар самти ҳифзи наботот 360 ҳолат, захираҳои об 302 ҳолат, ҳавои атмосферӣ 282 ҳолат, истифодаи замин 154 ҳолат, ҳифзи ҳайвонот 134 ҳолат, кор бо коркарди партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ 120 ҳолат, ҳифзи моҳӣ 54 ҳолат ва экспертизаи давлатии экологӣ 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст.
Ҳамзамон, дар ин давра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 12 ҳолати қонуншиканиро дар самти ҳифзи муҳити зист ошкор намуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 7 ҳазору 176 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 250 ҳолати расонидани зарар ба табиат ба маблағи 611 ҳазору 710 сомонӣ муайян шуда, аз ин маблағ 579 ҳазору 352 сомонӣ, ё 95 фоиз, рӯёнида шудааст.
Масъулони соҳа таъкид намуданд, ки назорат аз болои риояи талаботи қонунгузории экологӣ минбаъд низ пурзӯр гардида, барои пешгирии қонуншиканиҳо ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь