Дар вилояти Хатлон нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи соли 2026 барзиёд иҷро гардид.

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чиллазода Аъзамҷон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ 103 фоиз таъмин шудааст.

Ба иттилои ӯ, ба буҷет ба ҷойи 1916 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда 1974 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 58 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақша 101,4 фоиз иҷро шуда, ба ҷойи 1672 миллион сомонӣ 1696 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 24 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 367,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба гуфтаи масъули соҳа, афзоиши ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби рушди иқтисодии вилоят ва фаъолияти самараноки мақомоти молиявӣ таъмин гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь