Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура барои бекор кардан ва ба талаботи қонун мутобиқ гардонидани 353 қарор ва амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод ирсол шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ прокурори вилояти Хатлон Зоирзода Икром иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки қисми зиёди ин санадҳо ба масъалаҳои вобаста ба замин рабт доранд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии қарорҳои мавриди эътироз қарордошта 270 адад ё 76 дарсад ба соҳаи замин марбут мебошад.

Ба иттилои прокурори вилоят, дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин дар давраи ҳисоботӣ 107 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 4459 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби мақомоти прокуратура ба роҳбарони мақомоти дахлдор, ташкилоту муассисаҳо 1919 санади эътиноии прокурорӣ ирсол гардида, дар натиҷаи баррасии онҳо 2222 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Ҳамзамон, вобаста ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, худсарона ишғол намудани замин ва дигар ҷиноятҳои марбут ба ин соҳа 316 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Аз ин шумора 60 парвандаи ҷиноятӣ хусусияти коррупсионӣ дорад.

Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон таъкид менамояд, ки назорати риояи қонунгузории замин ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт аз самтҳои муҳими фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь