17 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор гардид.

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5 то 11-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Дар марҳилаи интихобии мусобиқа 30 даста иштирок намуда, тибқи қуръакашӣ ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ин шумора шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборат мебошанд. Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Қаҳрамони феълии мусобиқа Куриёи Шимолӣ, инчунин тимҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳилаи ниҳоӣ Чин соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқа ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь