Кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ шаҳрванд Шамсиддинова Зуҳро, сокини 58-солаи шаҳри Душанберо зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намуданд.
Номбурда барои иҷро намудани амалҳои фолбинӣ аз шаҳрвандон мурғи сиёҳранг ва 7 намуд латтапораҳои гуногунранг талаб мекардааст. Гӯё бо оғушта намудани хуни мурғ ба ин латтапораҳо касбу кори шаҳрвандон ривоҷу равнақ меёфта бошад.
Инчунин, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Баротова Дилбар, соли таваллудаш 1968-ро дастгир намуданд. Ӯ низ дар манзили истиқоматиаш ба фолбинӣ машғул буда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суд нисбати онҳо ҷаримаҳои маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуданд.
Милитсия ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ба ҳар гуна амалҳои фолбинӣ ва хурофотпарастӣ бовар накарда, дар сурати ошкор намудани чунин ҳолатҳо тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт хабар диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь