Дар Душанбе роҳбари як ширкати сохтмонӣ ва як муҳандиси бехатарӣ пас аз марги коргаре, ки аз ошёнаи 13-уми бинои дар ҳоли сохтмон афтид, боздошт шуданд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе хабар доданд.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса 24 июни соли 2026 рух додааст. Коргар Қосимов Имомалӣ ҳангоми насби чароғҳои равшанидиҳии берунии бино, бар асари риоя нагардидани талаботи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, аз ошёнаи 13-уми бино ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни санҷиш аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе муайян гардид, ки роҳбари ташкилоти сохтмонӣ Самиев Султон ва муҳандиси техникаи бехатарӣ Самадов Абдумавлон марҳумро бе бастани шартномаи меҳнатӣ, бе муайян намудани дараҷаи тахассуснокӣ ва бе иҷозатномаи махсус барои иҷрои корҳои кӯҳнавардӣ (алпинистӣ) ба кор ҷалб намудаанд. Тибқи талаботи қонунгузории меҳнат, корфармо вазифадор аст пеш аз ба корҳои хавфнок ҷалб намудани корманд, тахассус, омодагии касбӣ ва мавҷудияти иҷозатномаи махсуси ӯро санҷида, риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро таъмин намояд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Самиев С. ва Самадов А. тибқи моддаи 154 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати онҳо чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст.



