Додгоҳи олӣ ҳукми Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар тасарруфи беш як млрд соомнӣ муттаҳам мешуд, содир кардааст.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ зимни нишасти матабуотияш гуфт, ки ӯ зарар ба давлатро барқарор кард ва аз ҷониби суд 165 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Исматулло Абдуллозода бо гузашти 9 соли фаъолият моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва боздошт шуд.
Дар шарҳи боздошти ӯ директори қаблан Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотияш гуфта буд, ки Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш дар тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ 961 миллионашро худи Абдуллозода дуздидааст.
Ба иттилои агентӣ, санҷиш дар фурудгоҳ солҳои 2022-2025 гузаронида шудааст.
Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки панҷ ҳаммаслакони Абдуллозода, ки дар гузашта мақомдорони фурудгоҳ буданд, бо ҷарима раҳо шуданд.

Додгоҳи олӣ ҳукми раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо шарҳ дод
Блоки рекламавӣ


