Дастаи мунтахаби духтарони футболбози то 20-солаи Тоҷикистон зери роҳнамоии Юсуф Рабиев дар даври аввали чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ҳамсолони худ аз Эрон бозӣ кард. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими то 20 солаи Эрон хотима ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 3-юми бозӣ Нозия Узоқова ба фоидаи Тоҷикистон боз намуд. Нозия бо зарбаи қавӣ аз маркази майдон тӯбро таслими дарвозаи Эрон кард. Дар дақиқаи 11-уми бозӣ пас аз як ҳамлаи саривақтӣ Маҳиноз Нурова голи дуюми Тоҷикистонро ба дарвозаи Эрон зад.

Дар дақиқаи 49-уми бозӣ пас аз тӯбрабоӣ ҳамлагари тими мунтахаби Эрон Меҳрсо Барорӣ берун аз ҷаримагоҳ бо зарбаи қавӣ тӯбро таслими дарвозаи Фараҳноз Холдорова намуд. Ясна Ҷафарниа дар дақиқаи 56-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ истифода намуда, ҳисобрро баробар кард.

Марям Халилӣ дар дақиқаи 59-уми бозӣ голи сеюми Эронро ба дарвозаи тими мо ба самар расонда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Ҳунарнамоии дарвозабони мо Фараҳноз Холдорова ва капитан Шаҳзода Очилдиева дар ин вохӯрӣ назаррас буд.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ аз ҳайати тими Эрон – Марям Халилӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки тими бонувони Тоҷикистон дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола рӯзи 23-юми июл бо дастаи Қирғизистон ва рӯзи 25-уми июл дар даври охир бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунанд.

Барои мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин чемпионат яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб меравад, ки аз 28 август то 5 сентябри соли оянда баргузор хоҳад шуд.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь