Дар шаҳри Бохтар корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026–2027 бо маром идома дошта, то имрӯз 64 дарсади муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз таъмир бароварда шудаанд.

Мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар суҳбат бо хабарнигори «Фараҳ» гуфт, ки корҳои таъмирӣ ҳоло идома дошта, тибқи нақша то 10 августи соли ҷорӣ пурра ба анҷом хоҳанд расид.

Ба гуфтаи манбаъ, таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ, саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида истодааст.

Зикр гардид, ки дар шаҳри Бохтар 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 19 муассиса давлатӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар шаҳр 24 муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд.

Масъулони соҳа мегӯянд, ҳадаф аз корҳои омодагӣ фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои хонандагону тарбиятгирандагон буда, то оғози соли нави таҳсил тамоми муассисаҳо пурра омода хоҳанд шуд.

«Мо нақша дорем, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабиро пурра ба соли нави таҳсил омода намуда, барои таҳсили хонандагон ва тарбиятгирандагон шароити арзанда фароҳам созем», — гуфт Шоиста Абдуназарзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь