Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, ки соли 2022 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, субҳи 18-уми июл бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромадаст, хабар медиҳад «АП».
Ин рӯзноманигори 48-сола дирӯз дар суҳбат бо “АП” гуфтааст, ки ӯро аз маҳбаси низомаш сахти Душанбе ё Тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1 (СИЗО-1)) раҳо кардаанд ва ҳоло мехоҳад ба табобати худ бипардозад.
Ӯ 9-уми июли соли 2022 боздошт ва 26-уми декабри ҳамон сол ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ бо моддаи 307, иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) маҳкум шуда буд. Пирмуҳаммадзода ҳам айбро рад карда, худро бегуноҳ медонист.
Блоки рекламавӣ



