Дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 барои риоя накардани меъёрҳои муқараршудаи боркашони бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 225 нафар ронандагони воситаҳои наклиёти гаронвазн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда, ба маблағи 877500 сомони ҷаримабанди карда шудаанд.
Дар ин бора Абдуллозода Баҳром роҳбари Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфтя вобаста ба ин дар нуктаҳои баркаши ва ҷойҳои алоҳида аз тарафи гуруҳҳои нозиротии Раёсат бори зиёдати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ба миқдори зиёда аз 304 тонна фароварда шудааст.
Барои худсарона баромадан аз хатсайр, то охири хатсайр нарафтан, ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар назди бозорҳо ва нуқтаҳои савдо нисбати 1308 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар протоколҳои ҳуқуқвайронакунии маъмури тартиб дода шуда, ҷаримабанди шудаанд.
“Ҳамзамон дар ин самт аз тарафи кормандони Раёсат ҳаракати воситаҳои нақлиёти бо борҳои вазнин ва калонҳаҷм тақсимшаванда таҳти назорати доими қарор дорад. Дар нимсолаи авали соли ҷори ба 43 адад воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнину калонҳаҷми тақсимшаванда тибқи тартиби мукараргардида иҷозати махсус ба маблағи 50816 сомони дода шудааст.
Раёсат дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ширкату ҷамъиятҳои наклиётӣ терминалҳо, хатсайрҳо, нуқтаҳои баркашӣ ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо назоратро пурзӯр намуда, барои бе иҷозатнома фаъолиял намудан, риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, қоидаҳои мусофиркашонию боркашонӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, мутобиқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 4953 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Маблағи ҷаримаи басташуда 190325] сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11990-ро ташкил медиҳад. Маблағи умумии ситонидашуда ( аз ҳисоби ҷаримаи протоколҳои солҳои 2023-2026)1612741 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 1395ро ташкил медиҳад. Танҳо дар моҳи июни соли ҷори 426973 сомонӣ маблағи ҷарима ҷамъоварӣ карда шудааст.



