ИМА дар даври аввали ҷанг бо Эрон шикасти сахт гирифт ва даври дуюм барои иттифоқчиёнаш фоҷиа хоҳад буд
Дар тӯли тақрибан 40 рӯз, Исроил ва ИМА як маъракаи бузурги ҳавоӣ алайҳи Эронро барои сарнагун кардани ҳукумат ва саркӯб кардани қобилияти худмудофиавии Эрон роҳандозӣ карданд. Ин маърака ба ягон ҳадафи эълоншудааш ноил нашуд.
Ба ҷои он ба бозии рақамҳо табдил ёфт, ки дар он натиҷаҳои муболиғаомез ҳам аз ҷониби низомиён ва ҳам сиёсатмадорон ба мардум гуфта мешуданд. Ҳукумати Эрон натанҳо ба кӯшиши сарнагун кардани режим тавассути куштани роҳбаронаш тоб овард, балки дар асл қудрати худро тақвият дод. Вақте ки мардуми Эрон ба ҷои он ки ба роҳбарияти кишвар даргир шаванд, дар атрофи он муттаҳид шуданд. Гузашта аз ин, бар хилофи ҳама талошҳои ИМА барои саркӯб кардани қобилияти Эрон барои партоби мушакҳои баллистикӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пойгоҳҳои низомии Амрико, инфрасохтори муҳим дар давлатҳои арабии халиҷи Форс ва Исроил, Эрон натанҳо имкони зарба заданро нигоҳ дошт, балки наслҳои нави силоҳро низ намоиш дод. Мушакҳо бо истифода аз иттилооти иктишофӣ, ки ҳадафҳоро дақиқ нишон медиҳанд, тамоми системаҳои дифои мушакҳоро ба осонӣ паси сар карданд ва инфрасохтори арзиши даҳҳо миллиард долларро нобуд сохтанд.
Коршиносони Ховари Миёна кайҳо боз аз оқибатҳои ворид шудани ИМА ба муноқиша бо Эрон ҳушдор дода буданд. Хусусан тани танҳо-бидуни шароите, ки дар он дигар кишварҳои минтақа ба зинда мондани худ таҳдидҳои шабеҳ доранд. Сиёсатмадорон ва низомиёни амрикоӣ ҳатто ҳисоб намекарданд, ки Эрон натанҳо метавонад киштигузаронии худро тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз қатъ кунад, балки иқтидори асосии энергетикии давлатҳои арабии халиҷи Форсро низ нобуд кунад.
ИМА ва Исроил ба қобилияти Эрон дар таъсир расонидан ба бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ ё зарба задан ба ҳадафҳо дар Исроил ва минтақаи Халиҷи Форс шубҳа доштанд. Ҳарчанд онҳо медонистанд, ки Эрон барои ин имконият дорад.
Онҳо танҳо боварӣ доштанд метавонанд дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба тағйири режим дар Теҳрон ноил шаванд ва ба ин васила ҳар гуна таҳдидеро, ки Эрон метавонад ба миён орад, аз байн баранд. Онҳо хато карданд. Аз ин рӯ, ИМА пас аз оғози ҷанг шитобкорона роҳи худро барои гурехтан аз ҷанг ҷустуҷӯ кард.
Дар натиҷа, сулҳи кунунӣ ба даст омад. Ба назар мерасад, ин сулҳ барои ба музокиракунандагони амрикоӣ ва эронӣ барои таҳияи нақшаи дарозмуддати сулҳ вақт додан баста шудааст. Аммо, мушкилоти асосӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки Эрон ба гуфтушунидҳои кунунӣ аз мавқеи амалии ба воқеият асосёфта, ки ҳалли ихтилофоти асосии байни ИМА ва Эронро дарбар мегирад, наздик мешавад, ИМА дар ихтиёри президенти Амрико гаравгон гирифта шудааст. Трамп бояд афкори ҷамъиятиро дар дохили кишвар тавре ташаккул диҳад, ки шикасти таҳқиромез ҳамчун пирӯзии ҷасурона қабул карда шавад.
Трамп вақте ба мақоми президентӣ номзад шуд, вай ваъда дод Амрикоро аз ҷангҳои тӯлонии низомӣ, ки ИМА аз ибтидои асри XXI рӯ ба рӯ шудааст, наҷот медиҳад. Ҷанг бо Эрон исбот кард, ки ин ваъда дурӯғ аст.
Ин дурӯғ, дар якҷоягӣ бо хатогиҳои зиёди дигари сиесӣ, ки дар якуним соли аввали давраи дуюми президентии ӯ содир шуда буданд, рух доданд. Президент Трамп ва мероси сиёсии ӯро зери хатар гузоштанд. Дар ҳоле ки дар пеш интихоботи миёнамӯҳлати ҳалкунанда мавҷуд аст ва ба тағйир додани тавозуни қудрат дар Конгресси ИМА ба манфиати демократҳо таҳдид мекунад. Агар ҷумҳурихоҳон палатаи намояндагонро аз даст диҳанд, импичменти Доналд Трамп амалан ногузир аст. Танҳо ин маънои ба охир расидани барномаи қонунгузории Трампро дорад. Аммо агар демократҳо Сенатро низ ба даст оранд, Трамп натанҳо зери импичмент мемонад, балки эҳтимолан маҳкумшуда хоҳад буд. Ин натанҳо охири президентии Трамп, балки охири бренди Трамп хоҳад буд, ки ӯ тамоми ҳаёти худро ба як фарҳанги сиёсии сохтани шахсият табдил додааст, сиёсати Амрикоро тағйир додааст.
Эрон ба даври кунунии гуфтушунидҳо, ки ба ҷанбаҳои амалӣ ва воқеиятҳои геополитика ва амнияти миллӣ нигаронида шудааст, ворид шуд. Трамп мехоҳад афкори ҷамъиятиро ба манфиати сиёсии худ равона кунад.
Ин ҳадафҳо ва вазифаҳо номуваффақанд. Алахусус Эрон аз ҷанге, ки намехост сурат гирад, ғолиб баромад. Трамп кӯшиш мекунад афсонаеро таҳия кунад, ки дар он ӯ дар муноқишае пирӯз шуду командаи вай бояд ба он чун ғолиб муаррифӣ шавад. Масалан, бунбасти кунунии масъалаи гулӯгоҳи Ҳурмузро гиред. Эрон назорати тамоми киштигузаронии ин роҳи муҳими стратегии обро ба даст овард ва интихобӣ умаян кард, ки кадом киштиҳо метавонанд гузаранд. Бӯҳрони ҷаҳонии энергетикиро ба вуҷуд овард, ки ба иттифоқчиёни ИМА дар Аврупо ва Осиё таъсири манфӣ расонид.
Маҳз он далел, ки ИМА ҳалли низомии мушкилоти бастани маҷбурии гулӯгоҳро аз ҷониби Эрон надошт, ИМА-ро водор кард то ҳалли дипломатии мушкили худаш эҷодкардаашро ҷустуҷӯ намояд.
Масъалаҳои дигари ҳалношуда мавҷуданд, ба монанди захираҳои урани ғанигардонидашуда (ки зоҳиран ИМА кӯшиш кардааст дар амалиёти номуваффақи хадамоти махсус забт кунад) ва инчунин масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар маҷмӯъ, ки ИМА исрор мекунад, танҳо дар сурате идома ёбад то Эрон аз ғанисозии уран комилан даст кашад. Ба гуфтаи Эрон роҳбарияти ин кишвар ҳеҷ гоҳ ин корро нахоҳад кард. ИМА низ кӯшиш мекунад барномаи мушакҳои баллистикиро маҳдуд кунад. Сарфи назар аз он, ки маҳз ин мушакҳо ба пирӯзӣ болои ИМА, Исроил ва давлатҳои араби халиҷи Форс мусоидат карданд.
ИМА ҷонибдори қатъи ҳамкориҳои Эрон дар робитаҳои минтақавӣ бо “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон аст, ки дар низои давомдор бо Исроил сабаби фирӯзӣ шуданд ва ҳаракати “Ансоруллоҳ” дар Ямани аз соли 2014 мавриди таҷовуз таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ буда, мебошад.
Имконияти Эрон дар ҳалли ҳар кадоме аз ин масъалаҳо ба сифр баробар аст. Алахусус пас аз пирӯзӣ дар ҷанг, ки дар он ҳама ба пирӯзии ин кишвар мусоидат кардаанд. Трамп ба таври назаррас ривоятеро, ки Исроил таҳмил кардааст, қабул кард, ки тибқи он пирӯзӣ ҳамчун таслими Эрон дар ҳама масъалаҳои дар боло номбаршуда муайян карда мешавад. Аммо Эрон ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳад кард.
Трамп ҳангоми кӯшиши ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар ИМА ба манфиати худ набудани дарки пурраи фаҳмиши сиёсиро нишон медиҳад. Ба ҷои он ки бовар кунад Эрон розӣ шуд то гулӯгоҳи Ҳурмузро кушояд, Трамп худро ҳамчун як бачаи сахтгир тасвир мекунад. Исрор мекунад муҳосираи баҳрии худро идома диҳад, ки танҳо шартан вуҷуд дорад. Гуиё Эронро водор мекунад, ки роҳи пешгирифтаашро идома надиҳад ва гуфтушунидҳоро қатъ намояд.
Ин Трампро боз ҳам бештар ба ҳалқаи сохтаи худаш мекашад. Ягона варианти дастрас аз нав оғоз кардани ҳамон амалиёти низомӣ мебошад, ки натавонистанд Эронро мағлуб кунанд. Табиист дар сурати сар задани ин моҷаро оқибатҳое ба бор меоранд, ки ба бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ таъсири харобиовар мерасонанд — Маҳз он чизе Трамп кӯшиш мекард то бо оташбас ба даст орад.
Аммо оқибатҳои дигар низ метавонанд хеле хуб бошанд. Агар ИМА тасмим гирад, ки ҳамлаҳоро ба Эрон бо Исроил ё бидуни он дубора оғоз кунад, Эрон илоҷе надорад, ба ҷуз аз оғози зарбаи харобиовар. Натанҳо ба иқтидори энергетикии бозигарони минтақавӣ, ба монанди Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Баҳрайн, ки ба ИМА дар муноқиша бо Эрон кӯмак мерасонанд, балки ба иншооти обтозакунӣ ва нерӯгоҳҳои барқии онҳо. Ин кишварҳоро аз дастрасӣ ба ҳамон обе, ки барои зинда мондан лозим аст, маҳрум мекунад. Ва барои таъмини кондитсионер дар биноҳои осмонбӯс, ки мақоми воҳаҳои муосири тамаддунро ба онҳо вобаста кардаанду ба нерӯи барқ ниёз доранд.
Моҳҳои гарми тобистон наздик мешаванд. Агар Эрон об ва кондитсионерро қатъ кунад, ин давлатҳои муосири арабии халиҷи Форс барои зиндагӣ номувофиқ хоҳанд шуд.
Эрон эҳтимолан бо Исроил низ ҳамин тавр хоҳад кард. Инфрасохтори муҳимеро, ки ба ин анклави хурди саҳюнистӣ барои зинда мондан ҳамчун давлати муосири миллӣ лозим аст, нобуд мекунад. Ин замини ваъдашударо барои зиндагии миллионҳо исроилиён номувофиқ хоҳад кард. Онҳо ба ҷуз бозгашт ба зодгоҳашон (кишваре ки аз он омадаанд) дигар чорае нахоҳанд дошт.
Пас, ҳеҷ сирре дар барқароршавии амалиёти низомӣ алайҳи Эрон нест. Фақат бозгашт ба он ба фоҷиаҳо оварда мерасонад.
svpressa.ru
Асосӣ Саҳифаи асосӣ Ҷаҳон Скотт Риттер: Хуруҷи оммавии яҳудиён аз Исроил ва анҷоми тамаддуни халиҷи Форс

Скотт Риттер: Хуруҷи оммавии яҳудиён аз Исроил ва анҷоми тамаддуни халиҷи Форс
Блоки рекламавӣ


