Аҷаб тазоде! Замоне агар мардум аз ягон амали ваҳшиёнаю разилонае чун аз ҳодисаи ғайриодие ёдрас мешуданд, имрӯз як амали одии инсонӣ барои онҳо ҳодисаи нодир ҳисоб меёбад.
Ҳангоме тасмим гирифтам, ки минбаъд фақат аз сафедӣ, аз хушхабару дастоварди мардуми тоҷик хоҳам навишт, тарсе дар дилам пайдо шуд, ки мавзӯъ нахоҳам ёфт. Шояд ин таъсири ҳамон торикию сиёҳие буд, ки дар зеҳни ман хуфтааст?
Намедонам, вале, хушбахтона, дар ҳафтаи аввал ба ҳадде паёми хуш зиёд буд, ки дар қолаби ин гӯшаи ман намеғунҷид. Аз ин рӯ, аз баъзеи он, ба хотири он ки мавзӯи алоҳидае дар ин шумора шудаанд, бо як-ду ҷумла иктифо намудам.
Хушхабаре, ки ҷомеаи интернетии Русияро ларзонид, аммо барои мардуми тоҷик кори муқаррарие аст, амали анҷомдодаи як нафар ҷавони тоҷик, сокини деҳаи Панҷрӯд ва таксисти шаҳри Маскав Забеҳулло Шафеъзода буд. Ӯ ҳамёни духтари русеро, ки пайдо карда буд, бо кортҳои пластикиаш баргардонид ва мавриди ситоиши аҳли ҷомеа қарор гирифт.
Аҷаб тазоде! Замоне агар мардум аз ягон амали ваҳшиёнаю разилонае чун аз ҳодисаи ғайриодие ёдрас мешуданд, имрӯз як амали одии инсонӣ барои онҳо ҳодисаи нодир ҳисоб меёбад. Суханро ба дарозо намекашам, дар ин маврид мақолаи алоҳидае ҳаст ва пешкашатон мегардад.
Ҳодисаи дуюме, ки шахсан маро такон дод, лоиқи ҷойизаи гурӯҳи Хелсинкии Маскав гардидани раҳбари маркази «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева аст. Бале, ҳамон Гавҳаре, ки синамои рус ҳамчун пуштибони муҳоҷирон муаррифӣ мекунаду ҳатто Жириновский боре ба русидониаш қойил шуда буд. Ҳамон Гавҳаре, ки ҳангоми ҳодисаҳои феврали соли 1990 чун девор пешорӯи танки русҳо истода буд. Ҳамон Гавҳаре, ки духтари чеҳраи маъруфи миллати тоҷик Қандил Ҷӯраев асту ҳамсари коргардони машҳур Давлати Худоназар.
Ҳодисаи сеюме, ки маро хурсанд кард, яку якбора паст шудани нархи чиптаи самти Бишкек аз ҷониби «Сомон Эйр» буд. На ба он хотир, ки ба тиҷорат ҳам майл дораму бозори «Дордой» – и ин шаҳрро хуб медонам. Балки ба он хотир, ки ҳар гаҳе хумори сӯҳбатҳои Марат Мамадшоев, дӯсти деринаам гирифт, ба осонӣ метавонам меҳмонаш шавам. Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» гуфтааст, ки арзиши чипта дар як самт 545 сомонӣ ва рафту омад 760 сомонӣ аст. Фикр мекунам, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ин хуштарин хабар аст.
Ва ниҳоят, бо вуҷуди интизориҳои зиёд, дастаи «Истиқлол» – и Душанбе бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2015 – ро ба дастаи “Ҷохор Дорул Такзим” бо ҳисоби 0-1 бохт. Шояд суол гузоред, ки чӣ гуна хушхабар аст, ки бозиро бой додем? Вале, ба назари ман, беҳтарин хушхабар аст, чунки бозингарони мо нишон доданд, ки натанҳо ба финал баромада метавонанд, балки омили муттаҳидсозандаи миллат ҳам ҳастанд. Варзишгоҳи лабрези мухлисон гувоҳи ин аст. Бо вуҷуди он ки довар се голи задаи онҳоро ҳисоб накард, аммо онҳо собит намуданд, ки пеши сиёсатбозиҳо дар футбол чун кӯх устуворанд.
Ва ҳам «шикаст остони муваффақият аст»!
Блоки рекламавӣ



