Рӯзи 20-уми июн баъди анҷоми бозии дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Равшан”-и Кӯлоб миёни мухлисони ду даста занозанӣ рух дод.
Бозии ду тим дар ноҳияи Фархор баргузор шуд ва бо пирӯзии тими “Равшан” тамом шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди анҷоми бозӣ мухлисон ба ҳам дарафтода, ба сӯи якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар видеои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шишаҳои шикастаи як автобус ҳам дида мешавад.
Сабаби сар задани ин ҷанҷол маълум нест.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 22-юми июн гуфт, Кумитаи тартибу интизоми федератсия ин қазияро омӯхта, қарори лозима қабул мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь