Дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Кушониён дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Ҳофизи Шерозии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бинои иловагӣ барои Маркази инкишофи барвақтии кӯдак ифтитоҳ гардид.
Марказ аз як синфхона иборат буда, барои фарогирии 50 кӯдак дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 653 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Таъсиси марказ имкон медиҳад, ки кӯдакони деҳа ба машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб ҷалб шаванд. Фаъолияти он ба рушди малакаҳои ибтидоии кӯдакон ва осонтар шудани қадами нахустини онҳо ба таҳсил мусоидат хоҳад кард.
Блоки рекламавӣ



