Дар ҳашт моҳи соли 2026 ба вилояти Хатлон 1 миллиону 247 ҳазору 200 нафар сайёҳ ташриф овардааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум, аз ин шумора 1 миллиону 155 ҳазору 200 нафар сайёҳони дохилӣ ва 91 ҳазору 900 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Айни замон дар ҳудуди вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 133 меҳмонхона, 152 мавзеъи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва 19 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.

Гуфта шуд, ки солҳои 2023–2026 дар вилоят беш аз 25 хатсайри сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ, агросайёҳӣ ва табобатию солимгардонӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди минбаъдаи агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва сайёҳии табобатию солимгардонӣ «Харитаи роҳ» таҳия гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь