Аз 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба фаъолият оғоз менамояд.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, дар доираи лоиҳа дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр камераҳои назоратӣ ва радарҳо насб гардида, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд бардоштани суръати ҳаракат, гузаштан аз чароғаки сурх ва таваққуфи нодуруст ба таври худкор сабт карда мешаванд.
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид зимни нишасти хабарӣ таъкид намуда буд, ки татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракати роҳ равона шудааст.
Татбиқи лоиҳа бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Бохтар амалӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди инфрасохтор ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Мақомоти шаҳри Бохтар аз ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даъват менамоянд, ки барои пешгирии қоидавайронкунӣ ва ҳолатҳои нохуш қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь