Эрон ва ИМА дар музокирот чаҳор гурӯҳи корӣ таъсис медиҳанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои техникӣ бо ИМА, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Қосим Ғарибободӣ эълон кард, ки чор гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Онҳо масъалаҳои марбут ба қатъи таҳримҳо, мавзӯъҳои ҳастаӣ, таҷдид ва рушди иқтисодӣ, мониторинг ва татбиқи созишномаҳоро муҳокима хоҳанд кард.Ба гуфтаи Ғарибободӣ, ҷонибҳо омодагиро барои мулоқоти навбатӣ ба анҷом расониданд. Дар он Раиси парлумони Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф, Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ, ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс, инчунин сарвазирони Покистон ва Қатар Шаҳбоз Шариф ва шайх Муҳаммад бинни Абдураҳмон Ал Тани иштирок мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь