Дар Тошканд Аббос Иброҳимзода — собиқ ноиби раиси парлумони Афғонистон, собиқ вакили вилояти Балх ва яке аз бузургтарин соҳибкорони афғон боздошт гардид. Дар ин бора Amu.tv бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст.
Тибқи маълумоти онҳо, Иброҳимзода шоми 24 сентябр пас аз шикоятҳои зиеди рақибони тиҷоратии худ боздошт шуд ва аз он вақт инҷониб, сарфи назар аз гаравпулӣ ба маблағи беш аз 350 ҳазор доллар, дар ҳабс аст.
То ҳол аз ҷониби мақомоти Ӯзбекистон шарҳи расмӣ вобаста ба ин масъала дода нашудааст.
Дар солҳои охир Иброҳимзода бо интиқоли бензин ва газ, нуриҳои минералӣ, маводи сохтмонӣ аз Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон машғул буд. Захираи бензину гази вай дар шаҳри Ҳайратон, ки бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, иқтидори беш аз 50 ҳазор тонна дошт.
Тобистони соли 2021 гурӯҳҳои мусаллаҳи Иброҳимзода ду моҳ Мазори Шарифро аз “Толибон”(мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳимоя карданд. Пас аз он ки “Толибон” дар кишвар қудратро ба даст гирифтанд, Иброҳимзода Афғонистонро тарк кард ва дар Туркия зиндагӣ мекард.
Кай вай ба Тошканд кӯчид, маълум нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь