Вакили Маҷлиси Қазоқистон (палатаи поёнии Парлумон) Мурат Абенов изҳор дошт, ки “дар телевизиони давлатӣ дуздии арӯсро таблиғ мекунанд”, хабар медиҳад “Курсив.kz”.
Дар” Хабар” барномаеро намоиш доданд, ки дар он гуфтанд:”Агар шумо розӣ нашавед, ки бо ман издивоҷ кунед, ман шуморо медуздам”. “Аммо ин таблиғи ошкоро барои поймол кардани ҳуқуқи занон аст. Ин маро ба хашм меорад! Дар телевизиони давлатӣ мо ба ин монанд барномаҳо иҷозат медиҳем”, — гуфт дар брифинг вакили парлумон.
Вай аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дуздии арӯсҳо хотиррасон кард ва аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, ки “якҷоя ба ҷомеа фаҳмонанд, ки чунин ҳодиса ғайриқобили қабул аст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь