Солеҳов Раҳматулло, Ҷамилов Шеравган ва Ҳакимов Саидҷон, ки мунтазам дар марказҳои дилхушӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекарданд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бо қарорҳои суд нисбати Солеҳов Раҳматулло ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ва нисбати Ҷамилов Шеравган ва Ҳакимов Саидҷон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин гардид.
Блоки рекламавӣ



