Дар ноҳияи Вахш имрӯз 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 35,8 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Дар ин бора раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 164 миллиону 128,8 ҳазор сомонӣ расида, суръати рушд 125,3 фоиз таъмин шудааст.
Раиси ноҳия ҳамчунин зикр кард, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 150 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо то имрӯз 262 иншоот сохта ва мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 174,7 фоизи нақша мебошад. Дар натиҷаи татбиқи ин корҳои созандагӣ 1 ҳазору 250 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳия 18 корхонаву коргоҳи саноатӣ бунёд гардида, сохтмони боз 63 иншоот идома дорад. Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон сохтмони варзишгоҳи 7 ҳазорҷойӣ, 6 китобхонаи деҳотӣ, 3 мактаби нав, 156 синфхонаи иловагӣ барои 7 ҳазору 800 хонанда ва 3 кӯдакистон идома дошта, онҳо баъди мавриди истифода қарор гирифтан ба рушди соҳаҳои маориф, варзиш ва фарҳанги ноҳия такони тоза хоҳанд бахшид.

Вахш: 15 лоиҳаи давлатӣ, 262 иншооти ҷашнӣ ва 1 250 ҷойи нави корӣ
Блоки рекламавӣ


