Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро бо гуноҳи куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат дастгир кард.
Ба гузориши ВКД, Давлатзода Парвизи 25-сола рӯзи 1-уми июн бо падари 52-солааш муноқиша карда, бо ду зарби корд падарашро кушт. Ҳодиса дар назди як дӯкони фурӯши мева дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат рух дод. Сабаби муноқиша миёни падару писар маълум нест.
Мақомот гуфтаанд тафтиши парванда идома дорад.
Блоки рекламавӣ



