Ҳавошиносон ҳушдор додаанд, ки рӯзи панҷуми июн, бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ эҳтиёткор бошанд, зеро хатари омадани сел зиёд аст.
Дар ҳушдори расмӣ, ки Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, имрӯз мумкин аст, дар баъзе аз минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон борони зиёд борида, сабаби обхезӣ шавад.
Хатари селу обхезӣ аз ҷумла дар дарёҳои Зарафшон, Вахш, Панҷ ва дарёҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор зиёд аст. Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки аз сафар ба маҳаллаҳои кӯҳӣ ва назди дарёҳои пуртуғён худдорӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь